Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ

by Султонов Сулаймонхон

free


not available



Ғазалҳо1Ҳар кас, ки рухи ту дид, ҷоно,Ошиқ ба ту гашт он замоно.Мурғи дили сад ҳазор ошиқДар қайди ту шуд зи баҳри доно.Тири нигаҳат гузашт аз ҷон,Абруи каҷи ту чун камоно.Хун шуд дили мо, чаро нагӯйӣҲарфе зи вафо аз он даҳоно?!Аз чини ҷабини туст маълум,Ранҷидӣ зи ошиқон ҳамоно.Тасдиқ макун, тасаввуре кунОн нуктаи мо зи душманоно.Гашта ба ҷаҳон фасона ТуғралБо тири маломат ӯ нишоно.